Июл 19, 2022 20:09 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттиҳоми рузноманигор Абдусатор Пирмуҳаммадзодаро эълом кард
    Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттиҳоми рузноманигор Абдусатор Пирмуҳаммадзодаро эълом кард

Мудири идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттиҳоми рузноманигори боздоштшуда Абдусатор Пирмуҳаммадзодаро фаъолияти ифротигарои унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, генерал Шоди Ҳафиззода дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт, ки зидди ин рузноманигор бар асоси банди 307 қонуни муҷозоти Тоҷиикстон ба иттиҳоми таблиғи ифротигари парвандаи ҷинояти ташкил шуда аст.

Пештар Шариф Қурбонзода корманди аршади додситони кулли Тоҷикистон иттиҳоми Абдусатор Пирмуҳаммадзодаро сарпечи аз дастури кормандони полиси ноҳияи Ваҳдат унвон кард, Пирмуҳаммадзода аз кормандони собиқи радио ва телевизиони Тоҷикисон мебошад, ки дар солҳои ахир бо эҷоди саифаи шахси дар шабакаиҳои иҷтимоъӣ дар бораи масоили сиёсии ин кишвар ибрози назар мекард.

Вай рузи 9 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд.