Баргузории нишастҳои тахасуси ва аломатгузории навоҳии марзии Тоҷикисон ва Қирғизистон
Раиси Кумитаи мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон ва Қазоқистон дар нимаи авали соли 2022 се нишаст дар мавриди аломатгузории навоҳии марзӣ баргузор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Орифи Хоҷазода афзӯд: То кунун 519 километру 900 метр аз навоҳии марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон аломатгузори шудааст.
Вай гуфт: Барои ҳали мушкилоти марзӣ ба таври муратаб ҷаласоти мухталифи тахасусӣ дар ҳоли иҷро аст.
Вай дар идома бо баёни ин, ки тӯли дақиқи хати марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо поёни аломатгузории мушахас мешавад изҳор кард, дар манобеъи мухталиф, тӯли марзӣ дукишварро аз 970 то 987.6 километр қайд карданд.
Раиси Кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон афзӯд: Панҷ истгоҳи бозрасӣ дар хати марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар навоҳии Гулистон (Исфара) ноҳия Бобоҷон Ғафӯров, ноҳияи Ҷабор Расулов, Лахш ва Мурғоб фаъол аст.
Орифӣ Хоҷазода дар бораи аломатгузории навоҳии марзӣ бо Узбакистон ҳам гуфт: Фақат 12 километр аз аломатгузории хати марзӣ бо Узбакистон боқи мондааст.
Ӯ изҳор кард, дар марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон панҷ истгоҳи бозрасии ҷоддаи байналмиллалӣ, чаҳор гузаргоҳи роҳи оҳан ва ҳашт истгоҳи бозрасии муштарак вуҷӯд дорад.