Июл 25, 2022 11:36 Asia/Dushanbe
  • Хушк шудани теъдоде аз дарахтони парки миллии Парчами ноҳияи Данғара

Ҳудуди 1350 бех дарахти парки миллии Парчами ноҳияи Данғара хушк шудааст.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, парки миллии Парчам июни 2021 бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ва барои баҳрабардорӣ аз ин бӯстон 8 миллион сомонӣ ҳазина шуд.

Ғуломҳайдар Неъматов, раиси ниҳолистони ноҳияи Данғара гуфт, 15 дарсади дарахтони бӯстон хушк шудааст, аммо теъдоди дақиқи дарахтони хушкшуда то шумориши ниҳоӣ мушаххас нест.

Масоҳати бӯстони Данғара 3 ҳектор аст ва ҳудуди нуҳ ҳазор бех дарахт дар он кошта шуда, ба гуфтаи мақомоти ноҳия 600 бех аз дарахтони парк аз гунаҳои тазйинии камёб аст.