Июл 25, 2022 19:07 Asia/Dushanbe
  • Назари масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи рузноманигорони боздошт шуда
    Назари масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи рузноманигорони боздошт шуда

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи иттиҳоми рузноманигорни боздоштшуда ибрози назар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл Азия Плюс, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард: Папрвандаи рузноманигорони боздоштшудаи тоҷикро, ки бештар онҳо гумонбар ба ифротигароӣ ё ҳамкори бо ҳизбҳо ва ҷунбишҳои мамнуъаи дар кишвар ҳастанд барраси накарда аст.

Абдураҳмон Ваҳобзода, муъовини раиси кумитаи дин дар нишасти хабари бо хабарнигорон гуфт: Парвандаи рузноманигрони боздоштшуда Далер Эмомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбати, Завқибек Сайидаминӣ ва Абдулазим Пирмуҳаммадзода хусусияти динӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ гуфт: Ифротигароӣ фақат дар умури динӣ нест ва ҳар фарде, ки мутаҳм ба ифротигарӣ аст, набояд ҳатман парвандаи он дар Кумитаи дин барраси шавад.

Давлатзода гуфт: Агар навиштаҳои касе, ки дар муҳтавояш адабиётҳои динӣ бошад дар ин сурат Кумитаи дин  парвандаро барраси ва дар сурати лузум бо фард мусоҳиба мекунад.