Июл 25, 2022 20:11 Asia/Dushanbe
  • Замони бозгушоӣ бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе маъулм нест
    Замони бозгушоӣ бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе маъулм нест

Раиси Кумитаи давлати дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки замони бозгушоӣ бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе маълум нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Сулаймон Давлатзода эълом кард, ки кори сохти ин масҷид ба поён расид ва мунтазири амири Қатар, ки ин маркази ибоди бо кумаки молии ин кишвар сохта шуда аст, мебошанд.

Давлати Қатар барои сохти ин масҷид 70 ҳазор доллар ва ҳукумат Тоҷикистон 30 ҳазор доллар ихтисос доданд.

Созишномаи сохти ин масҷид миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соли 2009 ба имзо расид ва кори сохти он дар соли 2011 оғоз шуд, замони бозгушоӣ ин масҷид аз соли 2019 то 2021 борҳо ба таъхир уфтода аст.

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо масоҳати 12 гектар замин мебошад музе, китобхона, толори ҷаласот, бинои идори ва истгоҳи мошинҳо барои 4 ҳазор мошинро шомил мешавад.

Ин масҷид дорои 4 манора ҳар як ба иртифоъи 75 метр, гунбади марказӣ ба иртифоъи 47 метр ва 20 гунбади хурд аст.