Фиристодани 126 тоҷик ба Англия
Июл 26, 2022 17:11 Asia/Dushanbe
Имсол 126 тоҷик барои кор ба Британия фиристода шуданд.
Ширин Амонзода, вазири кору муҳоҷирати Тоҷикисон гуфт: Дар талош ҳастанд то теъдоди кишварҳои пазирандаи муҳоҷирони тоҷикро афзоиш диҳанд.
Ба гуфтаи вазир кор 200 нафари дигар низ дар интизори дарёфти раводиди Англия ҳастанд.
- Ширин Амонзода гуфт: Шаҳрвандони тоҷик дар Британия бештар дар гулхонаҳо кор мекунанд.
- Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир 90 дарсад аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.
- Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон афзуд: Дар шаш моҳи имсол 322 ҳазору 68 шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷират иқдом карданд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 2 баробар бештар аст.
Амонзода идома дод ҳамчунин дар ин муддат 240 ҳазору 596 муҳоҷири коргар аз хориҷ ба кишвар бозгаштанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 4.5 баробар шуда аст.