Июл 30, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз истиқбол накардани бонувони тоҷик аз варзиш
    Нигаронӣ аз истиқбол накардани бонувони тоҷик аз варзиш

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз кам шудани истиқболи бонувон аз варзиш ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Абдуллоҳ Раҳмонзода гуфт: Мутаъасифона бештари духтароне, ки дар мактабҳо ва салонҳои варзишӣ тамрин мекунанд натанҳо пас аз издивоҷ, балки бисёри аз онҳо пас аз поёни таҳсилоти миёна аз фаъолиятҳои варзишӣ худдрои мекунанд.

Вай афзуд: Вақти ба тамриноти варзиши меравем мебинем, ки теъдоди духтарони 13 то 17 сола, ки варзиш мекунанд бисёр кам аст.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон идома дод, волидайни духтарон ба мактам ва салонҳои варзиши мефиристанд вақте ба сини балоғат мерасанд бо таваҷҷуҳ ба ин ки духтарон бояд барои марҳалаи дигари аз зиндагии худ монанди издивоҷ, таҳсил омода мешавад монеъи фаъолияти варзишии онҳо мешаванд.

Абдуллоҳзода гуфт: Бо ҳадафи тарғиби бонунвон ба анҷоми фаъолиятҳои варзиши иқдомоти хоси иҷро шуд, ки наменаи он ширкат намудани бисёри аз бонувон дар тамриноти варзишиии субҳгоҳи аст.

Абдуллоҳзода аз баргузории мусобиқоти волейбол дар байни коркунони ширкатҳо ва муассисаҳо, созмонҳо ва идораҳо хабар дод.

Вай гуфт: Аз 102 ҳазор варзишкор, ки дар мактабҳо ва салонҳои варзиши тамрин мекунанд 14 ҳазору 357 нафар духтар ҳастанд, ки нисибат ба солҳои гузашта 2 то 4 дарсад афзоиш дошта аст.

 

Барчасп