Афзоиши сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ се баробар афзоиш доштааст.
Аз 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кардааанд, 344 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва бақия низ шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ будаанд.
Ба гузориши сомонаи «ТОП ТҶ», ин афрод барои дидани кӯҳистонҳои Бадахшон, силсилакӯҳҳои Фон ва Ҳисор, Искандаркӯл, сад ва нерӯгоҳи барқи обии «Норак», қалъаи Ҳисор ва минтақаи Ҳафткӯли Панҷакент ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Мақомоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели афзоиши ҳазинаи сафар ба Дубай ва Анталия ва лағви раводиди сафар ба Тоҷикистон аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, атбои хориҷӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Аммо кормандони ширкатҳои хадамоти гардишгарӣ муътақиданд, яке аз авомили идеал набудани мизони вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон қимати болои билети ҳавопаймо аст, ки дар муқосаҳ бо Узбакистон то 30 дарсад гаронтар аст.
Дар Тоҷикистон 240 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаъолият мекунанд.