Истифода аз фанновариҳои ҷадид барои шиносоии захоири маъдани Тоҷикистон
Мудири идораи маъдашиносии Тоҷикистон аз истифодаи фанновариҳои ҷадид барои шиносоии захоири маъдани ин кишвар аз аз тарафи мутахасисони тоҷик хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Илҳоми Оймуҳаммадзода ин матлабро дар панҷумин ҳамоиши байналмиллалии кишварҳои дороӣ фанноварии мавсум ба Micromine дар Душанбе унвон кард.
Дар ин нишаст коршиносони бахши маъдан шиноси аз кишварҳои Австралия, Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва фаронса ширкат ва суханрони карданд.
Гуфта мешавад, ки барномиа мавсум ба Micromine дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон барои шиносоии захоири маъданӣ истифода мешавад.
Яке аз вижагиҳои ин барнома ба сарфа будан, шиносоии сареъ ва мушахас кардани мизони дақиқи маъодан мебошад.
Истифода аз барномаи Micromine заминаи шиносоии иктишоф, истихроҷ ва мудирияти сареъи маъоданро фароҳам месозад.