Баргузории маросими Тосуои ҳусайнӣ дар Тоҷикистон
Дар шаби Тосуои ҳусайнӣ ҳамзамон дар саросари Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, маросими бошукуҳи аъзодори дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тасним, ҳамзамон дар саросари Эрон ва дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш маросими бо шукуҳи аъзодори дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросим, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, дипломатҳои эронӣ дар канори садоҳо нафар аз эрониён ва дигар муҳибони аҳлибайт(а) ҳузур доштанд пас аз иқомаи намози ҷамоати мағрибу ишо ва тиловати оятҳои аз Қуръони Карим сувгворони ҳусайнӣ аъзодори ва синазани карданд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар ин маросим дар суханоне бархи аз вижагиҳои сахсияти ҳазрати Абулфазли Абос(а)-ро баён кардан ва вилятпазири ва пайрави аз имоми замони худро аз вижагиҳои муҳими он ҳазрат баён намуданд.
Ҳамчунин аъзои тими миллии футболи ҷавонони Эрон, ки барои ширкат дар мусобиқоти ҷоми КОФО ба Тоҷикистон сафар карданд дар ин маросим ширкат карданд.
Шоёни зикр аст, ки маросими аъзодории ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш дар даҳҳаи аввли муҳарам аз рӯзи панҷшанбе 6 муҳарам шуруъ шуда аст ва поёнбахши маросими аъзодори дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, шаби севуми шаҳидони дашти Карбало ва ҳамзамон бо шаби шаҳодати ҳазрати имом Зайналобиддин(а) хоҳад буд.