Август 10, 2022 20:02 Asia/Dushanbe
  • Намоиши маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи  
    Намоиши маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи  "Central Asian Fashion"

Маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон барои аввалин бор дар намоишгоҳи байналмиллалӣ "Central Asian Fashion" дар Қазоқистон арза шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, 10 ширкати дазундагии Тоҷикистон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе маҳсулоти худро дар шаҳри Алматои Қазоқистон барои бори аввал дар маърази диди умумӣ қарор доданд.

Ин ширкатҳои либоси мардона, занона ва кудакона либосҳои мактаби ва варзиширо дар ин намоишгоҳи байналмиллалӣ, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад арза карданд.

Ин намоишгоҳ то 12 август идома хоҳад дошт ва ҳайати Тоҷикистон низ бо ҳадафи барқарории равобити тиҷории мустақим ва густариши фурсатҳои ҳамкори дар нишастҳои тахассуси дар чорчуби ин намоишгоҳ ширкат хоҳад кард.

Интизор меравад дар ҳошияи намоишгоҳи байналмиллалии "Central Asian Fashion" дар Қазоқистон миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва хориҷӣ созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сармоягузори, бозорёби ва фуруши маҳсулот дар хориҷ имзо гардад.