Август 11, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди алоқамандони сафар ба Бухоро дар Душанбе зиёд аст
    Теъдоди алоқамандони сафар ба Бухоро дар Душанбе зиёд аст

Намояндагони Маҷлиси Санои Узбакистон хостори роҳандозии парвози мустақими ҳавопаймо миёни шаҳрҳои Бухоро ва Душанбе шудаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин нишаст таъкид шуд теъдоди алоқамандони сафар ба Бухоро дар Душанбе зиёд аст ва сокинони ин шаҳри  таърихи низ  таваҷҷӯҳи вижае барои боздид аз амокини гардишгарии Тоҷикистон доранд.

Ба ин далел ба Созмони ҳавопаймоии  кишвари Узбакистон тавсиа шудааст роҳандозии парвозҳои ҳафтаии мустақими ҳавопаймо миёни шаҳрҳои Бухоро ва Душанберо дар ҳамоҳанги бо мақомоти Тоҷикистон барраси кунад.

Забони муштарки тоҷикии ва фароҳам будани заминаи сафар бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз авомили муҳими тақвияти дӯсти ва бародарии мардуми ни дукишвар аст.

Барчасп