Август 15, 2022 14:00 Asia/Dushanbe
  • Навсозии нақлиёти умумии шаҳри Душанбе
    Навсозии нақлиёти умумии шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе 5937 нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ин муассиса дорои 788 мошини ширкатҳои давлатӣ, 1557 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 3592 таксӣ мебошад.

Ҳамчунин, ҳамарӯза 406 автобус, 78 тролейбус, 1004 микроавтобус ва 2505 мошини сабукрави таксӣ дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳаракат мекунанд.

Шаҳрдории Душанбе рӯзи душанбе эълом кард, ки тибқи қарордод 20 автобуси муосири барқӣ ва 10 тролейбуси муосири худгард бидуни пайвастшавӣ ба барқ ​​(то 40 км) харидорӣ мекунад.

Инчунин хариди 10 дастгоҳ системаи пуркунанда (заправление)-и мошинҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрдорӣ гуфтааст, бо ҳадафи таҷдиди зерсохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллар фаъолият намуда, дар доираи ин тарҳ то кунун 4,5 миллион доллар мавриди истифода қарор дода шудааст.

 

Барчасп