Август 15, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии тенисвари тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ
    Ноибқаҳрамонии тенисвари тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ

Тенсиварзи маъюби тоҷик дар панҷумин даври бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ба нишони нуқра даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Катрина Ишанку дар ду бахш бар варзишкорони Эрон ғалаба кард, аммо баробари Наслихон Ковуш варзишкори Туркия натиҷаро вогузор кард ва ба мақоми дувум даст ёфт.

Ин чорумин нишони тими олампики Тоҷикистон дар панҷумин давраи бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ аст.

Варзишкорони Тоҷикистон дар чаҳорумин рӯзи ин мусобиқот мувафақ ба касби 3 медал шуданд.

Дар ин рақобатҳо Илдор Аҳмадов дар риштаи париш  ба медали нуқра даст ёфт ва Исломҷон Азизов дар куштифаранги дар вазни 55 килограм ва Фируз Мирзораҷабов дар вазни 63 килограм ду нишони биринҷ касб карданд.

Панҷумин даври бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ то 18 август дар Қунияи Туркия идома дорад.