Август 17, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  • Сафири нави Русия дар Тоҷикистон мансуб шуд

Раиси ҷумҳури Русия бо имзои ҳукме сафири нав дар Тоҷикистонро мансуб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо имзои фармоне Семен Григорйевро ба унвони сафир дар Тоҷикистон мансуб кард .
Григорйев қабл аз интисоб ба унвони сафири ҷадиди Русия дар Тоҷикистон, аз августи 2018 раёсати бахши равобит бо воҳидҳои федерол, порлумону анҷуманҳои умумии вазорати хориҷаро бар ӯҳда дошт .
Вай 10 сол ба унвони сафири Русия дар Абхазия ( 2008 - 2018 ) фаъолият кардааст .
Таи солҳои 2000 - 2001 Григорйев мушовири сиёсии маъмурияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон буд .
Сафири ҷадиди Русия фориғуттаҳсили Пажӯҳишкадаи давлатии иртибототи байналмилалии Маскав аст .