Таъкиди Раҳмон бар зарурати идомаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90412-Таъкиди_Раҳмон_бар_зарурати_идомаи_кумакҳои_башардӯстона_ба_Афғонистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар лузуми идомаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ранҷдидаи Афғонистон таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 28, 2022 10:02 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш
    Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар лузуми идомаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ранҷдидаи Афғонистон таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, зимни эъломи омодагии кишвараш барои ироаи имконоти лаҷистикӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост мардуми ранҷдидаи Афғонистонро дар шароити сахти кунунӣ танҳо нагузорад.

Ду тараф дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ, дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити байни Тоҷикистону Созмони Милал, аз ҷумла дар мавриди мавзуоти калидии байналмилалӣ, тазмини суботу тавсеаи пойдор баҳсу табодули назар карданд.