Фаъолсозии корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Қубодиён
(last modified Sun, 28 Aug 2022 13:52:27 GMT )
Август 28, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Фаъолсозии корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Қубодиён

"Ориёнбонк" фурсати фаъолсозии корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бадаст овард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат тарҳи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати "Ориён Инвест"-ро ба тасвиб расондаст.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, бар асоси қарори мазкур, ширкати сармоягузорию истеҳсолии "Ориён Инвест" корхонаи тавлиди сементро дар Қубодиён бунёду фаъол мекунад. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки аз номи ҳукумати Тоҷикистон созишномаи мазкурро имзо кунад.

Бар асоси иттилои расида, ширкати истеҳсолию инвеститсионии "Ориёнинвест" соли 2015 бо қарори муассисони ҶСК "Ориёнбонк" таъсис ёфтааст. Дар сомонаи ин ширкат омадааст, “фаъолияти асосии ширкат барои пешниҳоди хизматрасониҳои инвеститсионию истеҳсолӣ дар самти иқтисод равона карда шудааст”.

Азми фаъолсозии корхонаи дигар дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул мебошанд. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай Моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент" мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 млн тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 млн тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.