Сентябр 05, 2022 14:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори нақлиёти умумӣ
    Афзоиши шумори нақлиёти умумӣ

Теъдоди мошинҳои ҳамлунақли умумӣ дар Душанбе 41 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Азия Плюс”, ба гуфтаи мақомот ин тасмим ба далели афзоиши теъдоди мусофирон гирифта шудааст.

Аз аввали сентябр 195 автобус дар хутути ҳамлу нақл ҳаракат мекунад, ки ин теъдод пеш аз ин 120 адад буд.

Теъдоди минибусҳо низ 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт масири ҷадидеро ба самти бозори Кӯшониён эҷод кунад.