Сентябр 07, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва Туркия

Раисони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистону Туркия тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи Азия плюс, тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноати минтақаи Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия ва ҳамчунин минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва техникии “Билишим Вадиси” имзо шуд.

Ҳамчунин дар маросими имзои ёддоштҳо дар доираи боздиди як ҳайати тиҷоратии шаҳри Қуния аз ноҳияи Данғара баргузор шуд.

Ҳамчунин дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, раҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ ва ҳукумати вилояти Хатлон форуми соҳибкорони минтақаҳои ду кишвар ва вохӯриҳои корӣ дар шакли “В2В” доир гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳайати кории шаҳри Коня барои дарёфти роҳу воситаҳои нави таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Сафар бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар роҳандозӣ шуда, то 8 сентябр идома меёбад.

 

Барчасп