Раиси Ҷумҳурии Туркманистон фаро расидани солрӯзи истиқлолияти Тоҷикистонро табрик гуфт
(last modified Sat, 10 Sep 2022 15:13:03 GMT )
Сентябр 10, 2022 20:13 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Туркманистон фаро расидани солрӯзи истиқлолияти Тоҷикистонро табрик гуфт
    Раиси Ҷумҳурии Туркманистон фаро расидани солрӯзи истиқлолияти Тоҷикистонро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба муносибати фаро расидани солрӯзи истиқлолияти Тоҷикистон паёми табрикоти содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Бердимуҳаммад, раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ҷумуҳурии Тоҷикистон паёми табрики ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва мардуми ин кишвар ирсол кард.

Дар ин паём омада аст: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, гомҳои баланд дар тақвияти давлати худ, беҳбуди рифоҳи мардум ва афзоиши иқтидори кишвар дар арсаҳои байналмиллалӣ бардошта аст.

Давлати Туркманистон барои тақвияти равобити сунати дустона ва мутақобил бо Тоҷикистон, ки мубтани бар равобити мустаҳками ҳасана ҳамҷавори, баробари, эҳтиром ва ҳимояти мутақобил аст аҳамияти зиёд қоил аст.

Дар ин паём ҳамчунин омада аст: Бо талошҳои муштарак дар ҷиҳати рушди ҳарчи бештари равобит гом бармедорад.

Сардор Бердимуҳаммад дар идома барои раиси ҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон орзуи саломати, бурдбори, сулоҳу субот ва пешрафт орзу кард.