Сентябр 10, 2022 20:35 Asia/Dushanbe
  • Табодули тиҷории 766 миллион долларии Тоҷикистон ва Чин
    Табодули тиҷории 766 миллион долларии Тоҷикистон ва Чин

Арзиши табодули тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Чин ба 766.1 миллион доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 313.9 бештар аст.

Ин матлаб дар давоздаҳумин нишасти комисиони муштараки байни давлатии Тоҷикистон ва Чин бо ҳузури Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вонг Шувен, муъовини аввали вазири бозаргонии Чин дар мавриди масоили ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ матраҳ шуд.

Саҳми Чин дар табодулоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18.5 дарсад ва дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифт.

Содироти коло ба Чин аз январи соли 2022 ҳудуди 245.1 буда аст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 179.4 миллион доллар ё 3.7 баробар бештар аст.

Арзиши воридоти коло аз Чин ба Тоҷикистон низ 521.1  миллион доллар аст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 134.6 миллион доллар ё 34.8 дарсад афзоиш ёфт.