Паёми табрикии Шамхонӣ ба муносибати 31 –умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Sun, 11 Sep 2022 06:53:29 GMT )
Сентябр 11, 2022 11:53 Asia/Dushanbe
  • Паёми шодбоши Шамхонӣ ба давлат ва миллати Тоҷикистон
    Паёми шодбоши Шамхонӣ ба давлат ва миллати Тоҷикистон

Дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме сивуякумин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистонро ба давлату миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Шамхонӣ дар паёме ба Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти миллии Тоҷикистон 31 -умин солрӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, ҳамтои тоҷикӣ ва ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Шамхонӣ дар ин паём ибрози умедворӣ кард, густариши беш аз пеши равобити ду кишвар дорои забон, фарҳанг ва таърихи муштарак ба афзоиши рифоҳу саодати мардуми Эрону Тоҷикистон ва минтақа кумак намояд.