Сентябр 12, 2022 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури бештари ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон
    Ҳузури бештари ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон

Дар шароити таҳрим, алоқаи мақомоти ширкатҳои русӣ ба бозорҳои Тоҷикистон бисёр афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, ин матлабро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баён дошт.

Ӯ гуфт: Бар асоси санади имзошуда байни вазоратхонаҳои зирабти Тоҷикистону Русия, мо барнома дорем ва бар асоси он тақрибан ба таври комил ҳамаи равобитеро, ки дар давраи Шуравӣ байни бунгоҳҳои иқтисодӣ вуҷуд дошт эҳё кардаем, ки ба нафъи иқтисоди кишвари мо хоҳад буд.

Шералӣ Кабир афзуд, Тоҷикистону Русия заминаҳои зиёде барои тавсеаи ҳамкориҳо доранд ва дар сурати истифода аз он тарафайн суди бештаре мебаранд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон изҳор дошт, дар дидорҳое ки бо тарафи русӣ дошта, ширкатҳои бузурги он кишвар ба бахши саноати Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд ва бо вуруди онҳо ҳамкориҳо бештар хоҳад шуд.

Соли гузашта ҳудуди 300 ширкати русӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва теъдод имсол ба ҳудуди 330 ширкат расидааст.