Сентябр 12, 2022 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии пахта аз заминҳои Кӯлоб
    Ҷамъоварии пахта аз заминҳои Кӯлоб

Аввалин маҳмулаи пахтаи бардоштшудаи кишоварзони Кӯлоб ба ширкати фароварӣ таҳвил шуд.

Кишоварзони Кӯлоб аввалин маҳмулаи пахтаи худро ба ширкати “Зарҳом” таҳвил доданд.

Абдунабӣ Зардиев, раиси таовунии бозаргонӣ ба номи "Зарҳом" гуфт: Имсол барои дарёфти панба омода шудем ва тарозуҳои диҷиталии модернро барои вазни муносиби маҳсулот насб кардем.

Вай афзуд, аз он ҷое ки бештари кишоварзону хоҷагиҳои деҳқонии хурд фақат дар масоҳати ҳудуди 5 гектар пахта кишт мекарданд, дар ҳар бардоште наметавонистанд маҳсулро ба ширкат биоваранд, ки пас аз насби тарозуи диҷиталӣ мушкили кишоварзон рафъ шуд.

Дар ширкати "Зарҳом" ҳар навъи панба ба сурати ҷудогона фароварӣ мешавад ва базри он дар анборҳои кишоварзӣ барои соли баъд нигаҳдорӣ мешавад.