Сентябр 14, 2022 13:06 Asia/Dushanbe
  • Эъмол шудани тарофаҳои ҷадиди барқ дар Тоҷикистон

Тарофаҳои ҷадиди барқ дар Тоҷикистон аз аввали октябр эъмол мешавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.

Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми октябри соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.

То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 22,66 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд 26,51 дирам хоҳанд дод. Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.

 Бештар бихонед: