Баргузории маросими Арбаъини суҳайнӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 17 Sep 2022 16:18:35 GMT )
Сентябр 17, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Арбаъини суҳайнӣ дар Тоҷикистон
    Баргузории маросими Арбаъини суҳайнӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати Арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) набераи Паёмбари Акрам(с) ва ёрони бовафояш маросими бо шукуҳи аъзодори дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар ин маросим, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, дипломатҳо ва коргузорони Эрон ва даҳҳо тан аз эрониёни муқим ҳузур доштанд, сувгворони ҳусайнӣ пас аз иқомаи намози ҷамоъат ба  аъзодори ва синазани пардохтанд.

Дар ин маросими нуронӣ ва маънавӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар бораи фалсафаи Арбаъини ҳусайнӣ ва тадовуму шукуҳ ва шури фазоянда ва рӯзафзуни ин ойини маънавӣ баъд аз 1400 сол матолиберо баён кард.

Шоёни зикр аст, ки имсол низ маросими бо шукуҳи аъзодории ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш аз рӯзи шашуми муҳарам дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон шуруъ ва бо маросими махсуси шоми ғарибони шаҳидони дашти Карбало поён ёфт.

 

Барчасп