Сентябр 19, 2022 16:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳамалоти артиши Қирғизистонро таҷовузкорона хонд
    Тоҷикистон ҳамалоти артиши Қирғизистонро таҷовузкорона хонд

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамалоти артиши Қирғизистон ба шаҳракҳо, мактаб ва таъсисоти зербиноӣ дар марзҳои кишварашро таҷовузкорона хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе эълом кард, артиши Қирғизистон иқдом ба гулулаборон бо силоҳҳои сангин, посгоҳи нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷамоъати Воруъи шаҳри Исфара кард, ки як иқдоми таҷовузкорона аст. 

Дар идомаи баёния омда аст 14 сентябр Қирғизистон билофосила пас аз эъломи оташбас нерӯҳои низомии ин кишварро бо истифода аз силоҳҳои сангин ба шаҳракҳои Лангар ва Сарибозор ва ҳамчунин биноми мактаби 47 Чоркуҳ, ки машғули таҳсил буд ҳамла карданд ҳамчунин дар таърихи 16 сентябр нерӯҳои вижаи Ҷирғизистон бо таҷовуз ба деҳоти шаҳри Исфара 16 хонаи сокинони маҳалиро сузонда ва ба дуздиву ғорат пардохтанд.

Барчасп