Дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Антонио Гутерриш дар Ню-Йорк
(last modified 2022-09-20T13:05:50+00:00 )
Сентябр 20, 2022 18:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Антонио Гутерриш дар Ню-Йорк
    Дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Антонио Гутерриш дар Ню-Йорк

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси ҳафтодуҳафтумини маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо дабири кулли ин созмон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар ин дидор вазири хориҷаи Тоҷиикстон дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳидро ба тафсил дар мавриди таҳавулоти ахир дар марзи ин кишвар ва Қирғизистон муталеъ кард ва матолеби марбута аз ҷумла видео ва аксҳоеро, ки воқеъияти таҷовузи Қирғизистонро исбот мекунад ироа кард.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин хотирнишон кард Тоҷикистон ҳаргиз шурукунандаи ҳамлаи низомии марзӣ бо Қирғизистон нубда ва ҳамвора ба руйкардҳои сиёсӣ ва дипломати пойбанд буда аст.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳам аз ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол кард ва омодагии ин созмонро барои ҳамкории ҳамаҷониба эълом кард.

 

Барчасп