Сентябр 28, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • Дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази миллии тарҷума

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури эҷоди Маркази миллии тарҷумаро содир кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, «Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст».

Бино ба навиштаи манбаъ, дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар дастур дода, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Гуфта шуда, ки ҳукумати кишвар ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳила барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шурӯъ гардидааст, идома дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, «Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд».

Сарвари давлат афзуд, «Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст».

 

Барчасп