Сентябр 28, 2022 11:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости донишҷӯёни тоҷик барои бозгашт ба Тоҷикистон

Теъдоде аз донишҷӯёни тоҷикистонӣ дархости бозгашт аз Қирғизистон доранд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, беш аз 20 донишҷӯи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шудаанд. Онҳо мегӯянд, таҳсилашон фосилавӣ шудааст ва мехоҳанд то беҳтар гардидани вазъ дар Тоҷикистон монанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо таъйиди ин хабар гуфт, дар ҳоли таҳияи феҳристе аз донишҷӯён ва шаҳрвандоне ҳастанд, ки қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд ва алоқамандон метавонанд ба онҳо муроҷиа кунанд.

Саршумории шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд ба ватани худ бозгарданд дар ҳоле тавассути сафорат анҷом мешавад, ки ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нисбат ба афзоиши мавориди озору азият ва табъизи шаҳрвандони тоҷик ибрози нигаронӣ карда буд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегуяд, дар канори ихроҷи эҳтимолии донишомӯзони тоҷик, фишор, озор, табъиз ва аххозӣ аз тоҷикҳои муқими Қирғизистон низ вуҷӯд дорад.

Ин ниҳод эълом кард, ки озору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон натиҷаи мустақими корзор дар ин кишвар барои эҷоди чеҳраи душман аз Тоҷикистон аст ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз поён дода ва амниятро тазмин кунанд.

 

Барчасп