Шароити бозгардондани шаҳрвандони рус аз Тоҷикистон ба Русия
(last modified Thu, 29 Sep 2022 04:05:42 GMT )
Сентябр 29, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Шароити бозгардондани шаҳрвандони рус аз Тоҷикистон ба Русия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шароити истирдоди шаҳрвандони рус аз Тоҷикистон ба Русияро ташреҳ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, пас аз эълони сафарбаркунии умумӣ дар Русия иддае аз шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон паноҳ мебаранд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмадзода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамкории ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Русия дар дойираи Интерпол ва шартномаҳои имзошуда миёни кишварҳо танзим мекунад.

Нусратулло Маҳмадзода.гуфт, “Бино ба онҳо, ду кишвар муваззафанд, ки ҷинояткоронро ба якдигар таслим кунанд. Дар шароити кунунӣ агар як нафар дар Русия аз мизи ҳарбӣ ё аз қисми ҳарбӣ ё бо силоҳу либоси низомӣ тарки вазифа карда, ба як кишвари дигар, фирор карда бошад, тибқи қонунгузории Русия муҷозот мешавад. Дар ҳоли паноҳ бурдани ӯ дар Тоҷикистон ё ягон кишвари дигар Русия метавонад тақозои боздошту истирдоди ӯро кунад”.

Бино ба тағйироти ҷадид дар қонунгузории Русия, барои саркашии аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ як сарбоз акнун бо 10 соли зиндон ва фирор аз хидмат дар даврони басиҷ дар Русия як нафар ба 15 соли ҳабс маҳкум мешавад.