Сентябр 29, 2022 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар нишасти шӯрои гардишгарии кишварҳои узви кишварҳои мусақили муштаракулманофеъ

Тоҷиддин Ҷуразода намояндаи Тоҷикистондар нишасти шӯрои гардишгарии кишварҳои узви кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ширкат кард.

Дар ин нишаст намояндагони аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, дабирхонаи шӯрои кишварҳои муштаракулманофеъ ва кумиати иҷроӣ кишварҳои муштаракулманофеъ ширкат карданд.

Дар ин ҷаласа дар мавриди роҳҳои рушди гардишгари, чашмандози ҳамкори байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, ҳамкори барои рушди ин ҳавза табодули таҷруба дар мудиряти бахши гардишгари аз ҷумла истифода аз тавонмандии ҷодаи бузурги Абрешим, гардишгарии кишоварзӣ ва гардишгарии саломат баҳсу табодули назар шуд.

Нишасти ояндаи шӯрои гардишгари ва намоишгоҳи гардишгарии кишварҳои узви муштаракулманофеъ дар соли 2023 дар Қазоқистон баргузор мешавад.