Октябр 03, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Туркманистон чашмандози равобити дуҷониба дар бахшҳои мухталифро барраси карданд
    Тоҷикистон ва Туркманистон чашмандози равобити дуҷониба дар бахшҳои мухталифро барраси карданд

Фарух Шарифзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон бо Боймурод Ономамадов, вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор масоили ҷорӣ ва чашмандози равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои мухталифи саноати мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Тарафайн дар хусуси иҷрои протоколи даҳумин нишасти камисяи муштараки байни давлати масоили иқтисодӣ, бозаргонӣ ва илми-фанӣ низ табодули назар карданд.