Боздиди вазири фарҳанги Тоҷикистон аз Толори Ваҳдат
(last modified Wed, 05 Oct 2022 14:35:56 GMT )
Октябр 05, 2022 19:35 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири фарҳанги Тоҷикистон аз Толори Ваҳдат
    Боздиди вазири фарҳанги Тоҷикистон аз Толори Ваҳдат

Вазири фарҳанги Тоҷикистон барои ошноӣ бо зарфиятҳои фарҳанги ҳунари бунёди Рудакӣ аз Толори Ваҳдат боздид кард.

Зулфия Давлатзода дар боздид аз Толори Ваҳдат дар ҷараёни фаъолиятҳои фарҳанги ҳунари бунёди Рудакӣ қарор гирифт.

Дар ин боздид вазири фарҳанги Тоҷикистон бо тамошои бахшҳои аз тасовири иҷроҳои Толори Ваҳдат аз ҷумла иҷрои Ваҳиди Тоҷ дар рӯзи накудошти Рудакӣ ва иҷрои Давлаҳмад Холов дар барномаи шаби дусти дар ҷараёни фаъолияти аркестҳо ва фаъолиятҳои мусиқои дар бунёди Рудаки қарор гирифт. Дар ҷараёни ин боздид Маҷдиди Зайналобиддин дастёри вазири фарҳанг ва ирошди исломӣ ҳайати тоҷикистониро бо фаъолиятҳои бунёди Рудаки ва толорҳои ҳунари вобаста ба он ошно кард.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба даъвати доктор Исмоили, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ барои ширкат дар ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон ба ҳамроҳи теъдоди аз ҳунармандони тоҷик ба Эрон сафар карда аст. Ин руйдоди фарҳанги аз Теҳрон оғоз шуда аст ва дар рузҳои оянда дар Шероз ва Табрез баргузор хоҳад шуд.