Октябр 06, 2022 19:28 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири улуми Русия

Сафири Тоҷикистон бо вазири улум ва омӯзиши олии Русия дидор кард.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Валерий Фалков, вазири улум ва омӯзиши олии ин кишвар дар хусӯси чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои омӯзишӣ ва илмӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, сафири Тоҷикистон ба тавсеаи мустамари равобити башардӯстона, аз ҷумла дар заминаи омӯзиш ва илм, ки ҷойгоҳи вижае дар равобити Тоҷикистон ва Русия дорад, ишора кард. Дар айни ҳол, тарафайн дар мавриди иҷрои тавофуқоти сӯрат гирифтаи раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ростои ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи шуъбаҳои ҷадиди донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ба ин манзур гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дар мавриди афзоиши теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия гуфтугӯ шуд.