Октябр 08, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон

Эрлан Абдилбоев, сафири Қирғизистон рӯзи ҷумъа ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эҳзор шуд.

Ташдиди таниши ҷадид дар равобити Қирғизистону Тоҷикистон дар таърихи 16 - 14 сентябр иттифоқ афтод, ки яке аз шадидтарину хунбортарин даргири ин муноқишаҳо буд ва мунҷар ба кушта шудани беш аз 100 нафар аз ҳар ду тараф ва ҳамчунин ҷобаҷоии 140 ҳазор нафар шаҳрванди ғайринизомӣ аз минтақаи муноқиша шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, «Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд».

Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ин гуна изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро чун далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ медонад.Таъкид гардид, ки ин тавзеҳоти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.

Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд, табодули афкор сурат гирифт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп