Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона
-
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рузҳои 12-13 октябр ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё ширкат мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё ширкат мекунад.
Қарор аст дар конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё ба мизбонии Қазоқистон баргузор хоҳад шуд 11 раиси ҷумҳур, як нахуствазир, як муъовини нахуствазир ва 5 вазир ширкат кунанд.
Раисони Ҷумҳурии Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Туркия, Узбакистон ва Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо якдигар дидор мекунанд.
Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин нишаст Александ Лукашенков, раиси Ҷумҳурии Белорус ба унвони нозири конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё ҳузур хоҳад ёфт.
Дар маҷмуъ вуруди ҳудуди 50 ҳайати мухталиф ба Остона бо ҳадафи ширкат дар конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё дар интизор аст.
Конфронси таъомул ва эътимодсозии дар Осиё як ҳамоиши байналмиллалӣ барои тақвияти ҳамкориҳои мутамаркиз ба тазмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё аст.