Таҷлил аз пахтакорони намунаи минтақаи Хатлон
(last modified Wed, 12 Oct 2022 07:26:54 GMT )
Октябр 12, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз пахтакорони намунаи минтақаи Хатлон

Аз пахтакорони намунаи минтақаи Хатлон қадрдонӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, намояндагони шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Левакант, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти «Якатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Саид Алии  Ҳамадонӣ ва Ҷамоати деҳоти «Хуттан»-и ноҳияи Фархор барои  иҷрои саривақтии дурнамои истеҳсоли пахта бо мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардиданд. Мукофотҳоро ба фаъолон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва  муовини Сарвазири кившар Сулаймон Зиёзода дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли равон, ки 11 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид, супурданд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилояти Хатлон  нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳои кутоҳмудати рушди минтақавии вилоят ба 23,3 миллиард сомонӣ расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 29, 4 фоизи ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо андешида шуд. Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 518,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба  нақшаи тасдиқгардида 36,3 милллион сомонӣ зиёд аст.

Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати  1  октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расида, дар маҷмуъ теъдоди  онҳо  нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар афзоиш ёфтааст.