Имзои 10 санади ҳамкори байни Тоҷикистон ва Белорус
-
Имзои 10 санади ҳамкори байни Тоҷикистон ва Белорус
Мақомоти Тоҷикистон ва Белорус 10 санади ҷадиди ҳамкори дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисоди имзо карданд.
Пеш аз ин низ намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус дар ҳамоиши тиҷорӣ байни ду кишвар дар шаҳри Душанбе тавофуқномаи 46 миллион долларии тиҷорӣ имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар поёни музокирот Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон раисони Ҷумҳурии Белорус ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 10 санади ҷадиди ҳамкори дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла нақшаи роҳ дар заминаи рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардустона имзо карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус дар шаҳри Душанбе дар дидор бо якдигар вазъият ва чашмандози рушди равобити дуҷониба дар ҳамаи мавориди алоқаи ду тараф ҳамчунин масоили муҳими минтақӣ ва байналмиллалиро барраси карданд.
Сарони Белорус ва Тоҷикистон бо ҳадафи густариши бештари равобити дуҷониба хостори эҳё ва ташдиди фаъолияти комисяи байни давлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Белорус ва роҳандозии фаъолияҳои коргуруҳии муштараки рушди ҳамокриҳои сармоягузори шуданд.
Александр Лукашенко, раиси Ҷумҳурии Белорус дар чорчуби як сарафи расми дируз сешанбе вориди Тоҷикистон шуда аст.