Октябр 13, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини вазири хориҷаи Туркия
    Дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини вазири хориҷаи Туркия

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини вазири хориҷаи Туркия дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ашрафҷон Гулов сафири Тоҷикистон бо Садот Уноло, муъовини вазири хориҷаи Туркия дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди мавзуъоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ табодули назар карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки январи соли 2022 раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотики байни ду кишвар табодули назар ва ба якдигар паёмҳои табрики ирсол карда буданд.

Равобити дипломатии Тоҷикистон ва Туркия 29 январи соли 1992 барқарор шуд.

 

Барчасп