Октябр 24, 2022 20:10 Asia/Dushanbe
  • Футболи духтарони навҷавони CAFA, Узбекистон аз Эрон имтиёз гирифт

Сеюмин давраи рақобатҳои футболи қаҳрамонии духтарони камтар аз 15 соли Осиёи Марказӣ - CAFA - имрӯз 24 октябр дар Ҳисори Тоҷикистон пайгирӣ шуд.

Ба гузориши гурӯҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз пойгоҳи ихтисосии мусобиқот, дар ин рақобатҳо тими навҷавонони Қирғизистон инсироф дод ва 3 тим дар рақобатҳо ҳозир ҳастанд.

Натиҷаи мусобиқот ба ин шарҳ эълом шуд:

Якшанбе аввали обон:

Эрон (мудофеъи унвони қаҳрамонӣ) 2 - 2 Узбекистон (стадиони марказии Ҳисор)

Барои Эрон Парниё Раҳмонӣ дар дақоиқи 68 ва 72 голзанӣ кард.

Тими Тоҷикистон истироҳат кард.

Тимҳои Узбекистон бо 4 ва Эрон бо як имтиёз аввал ва дувум ҳастанд ва тими Тоҷикистон бидуни имтиёз сеюм аст.

Тими духтарони Эрон сешанбеи 3 обон бо Тоҷикистон дидор мекунад.

Дар давраи қабл дар соли 2019 , тимҳои Эрон , Қирғизистону Тоҷикистон аввал то сеюм шуданд.

Дар футболи духтарони навҷавони Осиёи Марказӣ - CAFA - тими Эрон бо як қаҳрамонӣ ва ноибқаҳрамонӣ, рекорддор аст ва тимҳои Узбекистон бо як қаҳрамонӣ ва Қирғизистон бо як ноибқаҳрамонӣ дувум ва сеюм ҳастанд.