Дидори мақомоти ҳавопаймоии Канада ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i93150-Дидори_мақомоти_ҳавопаймоии_Канада_ва_Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Канада хостори оғози парвозҳои мустақим шуданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2022 10:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти ҳавопаймоии Канада ва Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистону Канада хостори оғози парвозҳои мустақим шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи ҳавопаймоии ғайринизомӣ байни Тоҷикистону Канада дар дидори Азиз Набизода-муовини раиси Ожонси ҳавопаймойии давлатии Тоҷикистон бо Кери Видней ва Барбара Дурест-намояндагони мақомоти ҳавопаймоии кишвари Канада дар Душанбе баҳсу баррасӣ шуд .
Тарафҳо дар ин мулоқот назароти худро дар мавриди системаи эминии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон ба вижа дар “ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ” баён карданд .
Ҳамчунин таъкид шуд ки Тоҷикистону Канада чандин сол дар заминаи ҳавопаймоии ғайринизомӣ ҳамкорӣ доранд ва дар оянда барои барқарории парвозҳои мустақим талош мекунанд.