Октябр 29, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон : Иттиҳодияи Аврупо ҷойгоҳи хосе дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорад

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар дидори раиси Шӯрои Аврупо дар шаҳри Остона гуфт : Иттиҳодияи Аврупо ҷойгоҳи хосе дар сиёсати хориҷии ин кишвар дорад .

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти « Осиёи марказӣ - Иттиҳодияи Аврупо » дар пойтахти Қазоқистон бо Чарлз Мишел- раиси Шӯрои Аврупо дидору гуфтугу кард.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҷараёни ин дидор гуфт : Иттиҳодияи Аврупо аз мавқеъияти вижае дар сиёсати хориҷии кишвараш бархурдор аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тарафайн зимни ибрози ризоят аз сатҳи тавсеаи ҳамкорӣ, чашмандози равобит дар заминаҳои сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои муштарак ва ироаи кумакҳои фаннӣ ва молӣ ба ҳавзаҳои авлавияти дори иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди масоили марбут ба ҳимоятҳои молӣ барои рафъи пайёмадҳои вируси ҳамагири корона гуфтугу карданд.
Дар ин дидор бар зарурати эҷоди ҳамкорӣ дар заминаи саноъат, маъдан, сохти зерсохтҳо, кишоварзӣ, гардишгарӣ, омӯзишу беҳдошт таъкид шуд .
Ду тараф ҳамчунин масоили марбут ба тақвияти мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо дар таъмини молии пружаҳои « иқтисоди сабз », « иқтисоди рақамӣ », эҷоди « техно парк », « фановариҳои рақамӣ » ва муаррифии системаи « тиҷорати электронӣ » дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Мавзӯи амният дар Осиёи Марказӣ дар ин нишаст низ бидуни тавваҷуҳ намонд ;зимни ин ки дар ин замина унвон шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон дар тақвияти марзҳои худ бо Афғонистон ҳимоят хоҳад кард .Аввалин нишасти минтақаии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Аврупо бо мушорикати Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, Қосимжомарт Тақоев, раиси ҷумҳӯри Қазоқистон, Содир Ҷаборов, раиси ҷумҳӯри Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳӯри Узбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон баргузор шуд .
 

 

Барчасп