Хадамоти дармонӣ ба 300 гардишгари саломати тоҷикистонӣ дар Машҳад
(last modified Mon, 31 Oct 2022 07:14:33 GMT )
Октябр 31, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти дармонӣ ба 300 гардишгари саломати тоҷикистонӣ дар Машҳад

300 гардишгари саломати тоҷикистонӣ дар Машҳад хадамоти дармонӣ ва бистарӣ дарёфт карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шопури Бадеъӣ- муовини дармони донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад афзуд : Бо ҳадафи тавсеаи гардишгарии саломати донишгоҳ дар талош ҳастем то Машҳадро ба унвони қутби дармони минтақаӣ муаррифӣ ва бо густариши хадамот заминаи ҷазби гардишгарони саломатро беш аз пеш фароҳам кунем.
Вай афзуд : Дар боздиди вазири  тандурустии Тоҷикистон аз зарфиятҳои бемористони Вилоят муқарар шудааст фанноварии эҷод ва баҳрабардорӣ аз бонки аъзо монанди бонкҳои чашму пӯст ба Тоҷикистон омӯзиш дода шавад то ин кишвар битавонад дар ҳавзаи пайванди аъзо пешрафт кунад .
Муовини дармони Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад гуфт : Қарор аст коршиносони хубрае аз ин донишгоҳ барои баррасии фарояндҳои иҷроии лозим ва афзоиши сатҳи дармон ба Тоҷикистон эъзом шаванд .