Ноябр 02, 2022 18:05 Asia/Dushanbe
  • Суҳбати Саидалӣ Сиддиқ дар бораи Эрон
    Суҳбати Саидалӣ Сиддиқ дар бораи Эрон

Мудири хабаргузории миллии Тоҷикистон (Ховар) гуфт: Эрони бисёр зебо ватани аҷдодии мост ва рушду пешрафти он мояи хурсандии мардуми Тоҷикистон аст.

Саидалӣ Сиддиқ бо ишора ба баргузории Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, дар ин рӯйдод вазирони фарҳанги ҳар ду давлат тавофуқоте барои тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ анҷом доданд, ки қатъан тавсеаи равобити гардишгарӣ ва ҳатто иқтисодиро ҳам ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Мудири хабаргузории миллии Тоҷикистон - Ховар изҳор дошт: дар сафар ба Теҳрон барои ширкат дар иҷлоси хабаргузориҳои Лсиё ва Уқёнусия ва дидор бо мудири ИРНА (Алии Нодирӣ) қарор гузоштем тавофуқномаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби аҳдофи ҳар ду давлати Тоҷикистону Эрон имзо кунем. Ин ҳамкориҳои расонаӣ метавонад дар чорчӯби муаррифӣ ва таблиғи ҷозибаҳои гардишгарӣ ва мероси фарҳангӣ бошад, ки ҷузви иштирокоти фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон аст.

Мудири хабаргузории миллии Тоҷикистон (Ховар) гуфт, расонаҳо аз мактубу онлайн то радиову телевизионҳо метавонанд ҷозибаҳои гардишгарии кишварашонро ба мардуми худ муаррифӣ кунанд. Миллати Тоҷикистону Эрон таъриху фарҳанги муштарак доранд, забони форсӣ, ки мардуми ду кишвар суҳбат мекунанд, тақвияткунандаи ин иртибот аст.

Сиддиқ гуфт: Тавсеаи рейлӣ, хутути ҳавоӣ ва роҳҳои ҷодаӣ миёни ду кишвар ба тавсеаи гардишгариву арзонсозии сафар барои ҳар ду миллат кумаки шоёне мекунад. Ҳар андоза, ки роҳҳо боз шавад ва омаду рафтҳо густариш ёбад, ба тавсеаи равобити фарҳангиву иқтисодии миллатҳои Тоҷикистону Эрон кумак мекунад.

Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аз душанбе - 30 октябр бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломӣ ва ҳайате муташаккил аз мақомҳои расмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъе аз ҳунармандони эронӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар оғоз шуд.

Рӯнамоӣ аз албоми 24 асари нафиси хушнивисии устод Темурӣ, намоиши филмҳои синамоии Эрон, аз ҷумла “Писарони дарё”, “Имоду Тубо” ва “Ҷаҳонпаҳлавон Тахтӣ” дар қолаби Ҳафтаи филми Эрон – вижабарномаҳое аст, ки барои ин рӯйдоди фарҳангӣ барномарезӣ шудааст.

 

Барчасп