Намоишгоҳи дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 02 Nov 2022 13:53:01 GMT )
Ноябр 02, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мардуми алоқаманди Тоҷикистон дар намоишгоҳи фарҳангии Эрон
    Ҳузури мардуми алоқаманди Тоҷикистон дар намоишгоҳи фарҳангии Эрон

Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури ҷамъи зиёде аз алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, соири мақомоту шахсиятҳои тоҷик ва ҳамчунин ҷамъи зиёде аз алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар суханоне ёдовар шуд, ки ин намоишгоҳ дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб низ баргузор шудаву фурсати ошноии ҳарчӣ бештари мардуми кишвари дӯсти Тоҷикистон бо осору ҳунари эрониён дар ҳавзаҳои мухталифро фароҳам хоҳад кард.

Исмоилӣ бо баёни ин ки дар як моҳи пеш шоҳиди баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз ва Табрез будем, гуфт: Сурат гирифтани чунин иқдомоте нишондиҳандаи он аст, ки аҳолии фарҳангу ҳунари ду кишвар бо таҷлил аз гузаштаи пурифтихори худ, бо иттиҳоду якпорчагӣ дар канори ҳам қарор гирифта ва ба дунболи ифои нақши муассир дар густариши мубодилоти фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳастанд.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо ишора ба алоқамандии Теҳрон ва Душанбе нисбат ба афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ таъкид кард, ки дар ин намоишгоҳ осори зебову пурарзише дар ҳавзаҳои мухталиф аз тарафи ҳунармандони эронӣ муаррифӣ шуда, ки дар ҳақиқат ҷилваҳое аз таъриху тамаддуни бостонии муштарак будаву эҳсоси ифтихор меофаринад.

Давлат Сафар таъкид кард, дӯстӣ миёни Тоҷикистону Эрон решаи ҳазорсола дорад ва вазифаи муқаддаси мост то онро ҳифз ва ҳимоят кунем.