Намоишгоҳи Хуҷанд - намоиши ҳунарҳои эрониву тоҷикӣ
Дар идомаи барномаҳои ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, намоишгоҳи ҳунармандони эрониву тоҷикӣ дар Хуҷанд баргузор шуд.
Тозакориҳои наққошӣ, анвои саноеи дастӣ ва ҳунарҳои суннатии ҳунармандони Эрону Тоҷикистон дар намоишгоҳи Хуҷанд ба намоиш даромаду шаҳрвандони ин шаҳри зебои Тоҷикистон истиқболи хубе аз намоишгоҳ карданд.
Иҷрои мусиқии суннатии Эрон ва намоиши варзишҳои бостонӣ аз дигар барномаҳои муҳими ҳафтаи фарҳангии Эрон дар се шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Тоҷикистон аст.
Муҳаммадалии Каёнӣ, мудири кулли ҳамкориҳои фарҳангии Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон гуфт, беш аз 80 ҳунарманди эронӣ дар бахшҳои мухталифи мусиқӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои суннатӣ дар Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Мудири кулли ҳамкориҳои фарҳангии Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон таъкид кард, баргузории ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон нишондиҳандаи сатҳи хуби равобити ду кишвар аст.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, ҳафтаи фарҳангии Эрон душанбеи гузашта бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд ва барномаҳои ин рӯйдод дар ду шаҳри Хуҷанду Бохтар ҳам дар ҳоли баргузорӣ аст.