Ноябр 06, 2022 17:28 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳои иқтисодии сарони Русия ва Тоҷикистон

Муовини раиси ҳукумати Русия бо сафири Тоҷикистон дар хусӯси ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ кард.

Алексей Оверчук, муовини раиси ҳукумати Русия бо Давлатшо Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав дар хусӯси ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи дуҷониба гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, ин нишаст дар остонаи ҳаждаҳумин нишасти Комиссиони байни давлатии ҳамкории иқтисодӣ байни федерасиюни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст, дар моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шавад, баргузор шуд.

Мавзӯи аслии ин гуфтугӯ ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона байни кишварҳо буд.