Ноябр 10, 2022 14:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории давраи омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавони тоҷик

Дипломатҳои ҷавони тоҷикистонӣ давраи омӯзиширо дар Академияи вазорати умури хориҷаи Туркия гузаронданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, курсҳои мазкур бо мусоидати сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дар ҳамкорӣ бо Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Туркия роҳандозӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 марти соли 2021 дар ҷараёни сафари расмии  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2023 ба имзо расиданд.

 

Барчасп