Ноябр 13, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 900 бурсияи таҳсилии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
    Ихтисоси 900 бурсияи таҳсилии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Русия беш аз 900 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик ихтисос дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ҳаждаҳумин комисяи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ишора шуд, ки дар соли таҳсилии 2023-2024 теъдоди 902 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олиии Русия ихтисос ёфта аст.

Ҳамонтавре, ки Вазорати улум ва омузиши олии Русия гузориш дод тарафи тоҷик ва рус дар ин иҷлос иқдомоти итминонбахш аз пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олии Русия дар соли таҳсилии 2023-2024 дар бурсияҳои таъиншуда тавассути Русияро мусбат арзёби карданд.

Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ давлати Русия 750 бурсия барои мутақозиёни Тоҷикистон ихтисос дод, ки нисбат ба соли таҳсилии гузашта 105 бурсия афзоиш ёфта аст.

Дар ин нишаст ба масоили муҳоҷират низ таваҷуҳ шуд ва Алексей Оверчук, муъовини нахуствазири Русия изоҳр кард, барномарези шуда аст то сомонае роҳандози шавад, ки ба афрод имконият медиҳад дар бораи маҳдудиятҳои вуруди шаҳрвандон бархати иттилоъоти қобили эътимод ба даст оваранд.

 

Барчасп